А.ҶОМӢ.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор»-и деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣоид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни суҳбат аз пешрафту тараққиёти Ватан, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб ёдоварӣ карда, аз ҷамъомадагонҷиҳати расидан ба қадру манзалати хизматҳои Роҳбари давлат ва сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Инчунин, аз ҷониби ҳамагон зикр карда шуд, мо мардум шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат дар фазои сулҳу субот кору фаъолият намуда, мекӯшем бароибоз ҳам ободтар шудани Ватани маҳбубамон саҳм гузорем.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи байни маҳалла қисман мумфарш карда шуда, корҳои ободонӣ дар ин самт идома доранд.