ШАҲРИТУЗ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Утанобод»-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар рафти суҳбат муҳтавои Паёми навбатӣ, ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргардонидани 84 шаҳрванди ноболиғи тоҷик аз маҳбасҳо ва урдугоҳҳои давлати Ироқ бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан, бетартибӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ки аз тарафи маҳбусон аъзои созмони террористиву экстремистӣ баррасӣ карданд.
Иқдоми неки ҲХДТ-ро ҳамагон дастгирӣ карда, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар муассисаи таълимии деҳа майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.