БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи Зарбузи  Ҷамоати деҳоти Лангардара хониши сиёсӣоид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир намуданд.

Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳия ба музокира баромада,  дар назди иштирокдоштагон доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  андешаронї намуда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят кард.

Сипас, байни ҷамъомадагон ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg