ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсие, ки бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, таъсирбахш анҷом пазируфт.
Зимни суҳбат намояндаи ҳизби ноҳи Ҷалолиддин Қаюмов баромад намуд, бо овардани мисолҳои ҳаётӣ маълумоти муфассал дод. Ҳозирин аз рафти хониши сиёсӣ дар бораи дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, хатари ба ҷомеа ва ҳар як оиладоштаи терроризму экстремизм, сабаб ва ҳолатҳои гаравидани шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Дар Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҷавони маъюбу барои дастгирӣ ниёзманд Акобир Аламшоев кӯмаки молиявӣ расонида шуд.