ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидои “Сайроб”-и ҷамоати деҳоти деҳоти Панҷоб хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солаги Истиқлолияти давлатӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади вусъат бахшидани инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Мо ҳар амали некеро ки ба шукронаи Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию саҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мекунем.
Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” зиёда аз як километр роҳи маҳаллаи Навбунёд сангфарш карда шуд.