ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қирма” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани 84 нафар ноболиғ аз давлатҳои ҷангзада, бетартибиҳои оммавӣ дар муассисаи ислоҳии 3\2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи деҳаи мазкур, ки бар асари боридани боронҳои сел дар фасли баҳор вайрон гашта буд, тахту ҳамвор карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби сокинон амалҳои созандаи ҳизбиён дастгирӣ ёфа, пайваста корҳои ободонӣ дар маҳалли зист роҳандозӣ карда мешавад.