КӮШОНИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Заргар”-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулини ҳизбӣ дар бораи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 27 сол, нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу салоҳ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Инчунин, дар идома моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баррасӣ гардида, аз ҷониби ҷамъомадагон Аксияи мазкур дастгирӣ ёфта, чанде аз онҳо ҷиҳати амалигардонии иқдомҳои нек фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.