ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чаноро» ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба саҳми намоён доштани падару модарон бо тарбияи дуруст ва муккамал сохтани донишу истеъдоди фарзанд, баргузории корҳои хайру саховат, ободу зебо намудани маҳалли зисти худ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бемориҳои сироятӣ суҳбатҳои муфид анҷом дод.
Баъдан аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониву хайру сахоро баштар ба роҳ монда, дар рушду нумуи кишвар саҳм гузоранд.