БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ИНКИШОФИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "деҳаи Ҳурчашма "-и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  иштирок намуда, доир ба мазмун, муҳтавои Паёми навбатӣ, арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва умумибашарӣ меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019- оғози татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинонро барои дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ таҷлил кардани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, роҳандозии корҳои ободониву бунёдкорӣ ва хайру сахо дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” раҳнамоӣ кард.

Инчунин, мавсуф  дар идомаи  суҳбат вобаста ба  нақши Ваҳдати миллӣ дар инкишофи  давлатдории навини  тоҷикон  ҳарф зада, тамоми мардуми шарафманди тоҷикро бо фарорасии 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg