ВАХШ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Озодии меҳнат» -и Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Исмоил Ҷалилов иштирок намуда, атрофи солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳадафҳои созандаиҲХДТ суханронӣ намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки ҳунарҳои миллӣ натанҳо меъроси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Барои инсони боҳунар аз ҳама чизи гарон ва муқаддас ин ҳунари волояш мебошад, зеро аз рӯи ҳунараш дар байни ҷомеа эҳтироми хоса дошта, дар ободиву пешрафти Ватани худ бо ҳунаромӯзон саҳми арзанда мегузорад.