БАЛҶУВОН. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии «Дашти Гуло»-и ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба мавзӯъҳои баромад намуда, қайд кард, ки муҳимтарин коре, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад, бунёди оила аст. Оила қонунест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бенёз мегардонад. Яъне ҳар инсоне дар муҳити оила анъанаҳои табиӣ ба вуҷуд овардани наслро идома дода, бо воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳувият касб мекунад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ маънавӣ ва суҳбату вохӯриҳо миёни сокинон,оилаҳои ҷавон боиси он мегардад, ки садди роҳҳи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бекоршавии ақди никоҳи ҷавонон гардем.