Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёра”-и ҷамоати шаҳраки Гулистон ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот Абдулҳаев Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, зикр намуд, ки таҳкими андешаи миллӣ, густариши худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ низ яке аз ҳадафҳои оинномавии ҳизби мо мебошад ва Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи марзу буми он омода будан, расидан ба қадри истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният аз ҷумлаи арзишҳои олии инсонӣ мебошанд, ки танҳо ба воситаи онҳо мо метавонем аркони давлатдории худро устувор намоем.