КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Авлиёи Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Дар ҷамъомад намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуда, оид ба нақшаву ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, муқовимат бо коррупсия, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи талаботи қонунҳо миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.
Сокинони ватандӯсти деҳа дар ин рӯз маҳсули дастранҷи худ, анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдӯзию гулдӯзиву попурӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумиро бо шаклу услуби хоса ба маърази тамошо гузоштанд¸ки аисанди ҳамагон омад.