ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хушдилон"-и ҷамоати деҳоти Лоҳур хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, мавзӯъҳои мазмун, муҳтаво ва масъалагузориҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории мамлакат - Маҷлиси олӣ, арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва умумибашарӣ меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, баланд бардоштани сатҳи таълим ва идораи сифати таҳсилот, амалишавии талаботи қонунгузориҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, Конститутсия - санади олии ҳуқуқӣ ва бахтномаи миллат, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ суханронӣ намуд.