
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саидҷон Караматулло”-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло иштирок намуда, оид ба роҳҳои пешгирии ҷавонон аз майл ба фарҳанги бегона ва аз байн нарафтани фарҳанги миллӣ, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ва ба оилаҳои ҷавон омӯзондани фарҳангӣ оиладорӣ суханронӣ намуд.