БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ ДАРАХТИ БОСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

АНДЕША. Ваҳдат таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нуму, орзуву армон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат бо ҳам омадан ва аз як гиребон сар баровардану ҳамдигарфаҳмию якдилӣ мебошад.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии мардуми тоӌик мавриди омӯзиши бисёри созмонҳо ва давлатҳо гардидааст. Бо қаноатмандӣ бояд гуфт, ки ҳанӯз оӻози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори мо дар ӌодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими Истиқлолиятамон бо ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоӌикистон ва асолати милливу фарҳангӣ дар меҳвари фаъолияти мо буд.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд доранд, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оӻози солҳои навадум ба гирдоби ӌанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаӌ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоӌиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш овард.

Мардуми соҳибмаърифат ва сулҳӌӯи мо таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами ваҳдату ягонагиро баланд бардошта, зери он ба ҳам омаданд ва ниҳоли ваҳдатро шинониданд. Дарахти мевадиҳанда агар  соле як маротиба ҳосил диҳад, ниҳоли босамари ваҳдат ҳамеша меваҳои ширинро ба бор меорад. Дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои шаҳдбор дорад, ки мо  мардуми сарбаланди тоҷик  аз он ком ширин мекунем.  

Аз ин рӯ Ваҳдати миллӣ ва таърихи навини давлатдории миллати тоӌик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо  қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву  ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашт. Бинобар ин Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз бо ҳамин хотир ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

Имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши Ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳвари худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаӌониба тарӻиб ва таҳқиқ карда шавад. Дар ин замина мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ӻояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ӌавон беш аз пеш тарӻибу ташвиқ намоем ва иқдомро пайваста вусъат бахшем. Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи Ваҳдати миллӣ чун таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ӌомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

Мардуми мо аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор ва эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезананд.

Боварӣ дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоӌик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонад ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози кишвар ӻайрату илҳоми тоза мебахшад.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо арзи сипос ҳамсафони гиромӣ бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, орзумандам, ки ин ӌашни таърихӣ роҳи давлату миллати моро ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшан нигоҳ дорад ва иттиҳоди ӌомеаи моро безаволу ӌовидон гардонад.

 

Одиназода Ҳуснигул, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg