БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ

АНДЕША. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем,  дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам». Ин иқдоми наҷиб, агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоии демографӣ ва сиёсиву стратегӣ рабт дода шавад, аз тарафи дигар хусусияти таърихӣ дорад, зеро насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрии кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ  ва ҳуқуқбунёди дунявӣ  иқдомот ва ташаббусҳои Роҳбарияти олии мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ  мекарданд ва имрӯз ҳам ин раванд идома дорад. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки ин нерӯи созанда бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият – сиёсати  давлатии ҷавонон корҳои зиёдеро барои боз ҳам баланд бардошатни  мақоми ҷавонон дар ҷомеа роҳандозӣ мекунад.

Эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» дар фаъолияти ҷавонони кишвар як такони бузург буд, зеро ин на ба он маъност, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рӯ овардааст, балки сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати даврони Истиқлолияти давлатиро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 13 марти соли 1992 дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд.

Хушбахтона, баъди ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ уфуқҳои нав  дар раванди давлатдорӣ  боз гардид.  Ин давраи ташаккулёбии муносибатҳо  барои ҷавонон, давраи қадамҳои устувор  дар роҳи бунёди таҳкурсии асосии сиёсати давлатии ҷавонон  - низоми идоракунии  соҳаи кор бо ҷавонон  ба ҳисоб меравад, ки пешгузорандаи он маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд.

Маҳз дастуру ҳидоят ва пешбарии Пешвои миллат буданд, ки мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон хусусияти устувор касб намуд ва дар ҳаёти ҷавонони мамлакат саҳифаи нави таърихӣ боз гардид. Насли ҷавон дар симои Сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеӣ ва парастори бевоситаи худро дарёфт.

Дар ҳамин давраи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мулоқоти чоруми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат - ин навбат бо ҷавонони лаёқатманд доир гардид ва 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки фазои озоди ваҳдатофар имкон дод, ки як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо дар самти ҷавонон татбиқ гарданд. Ин санадҳои муҳим бо мақсади мусоидат ба рушди маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон; ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон; муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар; дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин, ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо равона гардида, татбиқи воқеии худро пайдо намуданд. Дар баробари ин ҳама ҳамзамон, стипендия ва квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони аз оилаҳои камбизоат ва ноҳияҳои дурдаст амал мекунанд, ки аз ғамхории давлату Ҳукумати кишварамон нисбат ба насли ҷавон гувоҳӣ медиҳанд. Мо ҷавононро мебояд, ки ин ҳама дилсӯзию ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳуриро ба инобат гирифта, ҳамеша баҳри ободию гулгулшукуфоии ин Ватани биҳиштосо талош намоем.

Нозимов Хайём, мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg