БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИБОСИ ЗЕБО - ИНИКОСКУНАНДАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати фарҳанги минтақа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Дар мулоқот  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷрои  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок намуда, қайд кард, ки  воқеан сару либосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳаллҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳоти мамлакат ва гоҳо дар шаҳрҳо ба чашм мерасад, ягон асолати милливу динӣ надоранд. Мувофиқи маълумотҳои этнаграфӣ, халқи тоҷик аз қадим либосҳои занонаи зебо дошт ва ҳеҷ гоҳ чодарпӯшиву либосҳои сиёҳро ба бар намекарданд, мутаассифона, баъзе аз занону бонувони мо зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор гирифта, аз оини аҷдодони худ  ва тарзи либоспӯшии модару бибиҳояшон даст кашиданд. Ва ин бе эҳтиромиро нисбати падару модар ва фаҳанги бою ғании миллати худ раво диданд, ки ин ҳама тақлидҳо кур курона таъсири бевоситаи бегонапарасти ва рӯ овардан ба фарҳанги бегона мебошад.

Мулоқот бо саволу ҷавобҳо вобаста ба самтҳои афзалиятҳои фаъолияти ҲХДТ ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg