БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ АЪЗОИ ҲХДТ ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ ЗИЁД АСТ

А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти нав»-и Ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ  дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ  андешаронӣ карда,  иброз доштанд, ки заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду шукуфоии Ватан ва  рӯзгори босаодати шаҳрвандон равона карда шудааст ва ҳар яки моро лозим аст ба қадри хизматҳои беназири  Президенти кишвар  расем ва  ҷавобан  содиқона ба давлату миллат хизмат намоем.

Инчунин, дар идома дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  корҳои барқарорсозии канали обгузар, ки дар натиҷаи  боришоти пуршиддат ва омадани сел  вайрону валангор шуда буд, аз нав таъмиру тоза карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg