БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛЛАМОН ОҒОЗ МЕШАВАД

ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, ҳамчунин татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Роҳи нав»-и  Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ сурат гирифт.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ масъулин оид ба  Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда,  аз қонунҳои мазкур якчанд иқтибосҳо оварда, қайд карданд, ки  донистан ва риояи қонунҳо вазифаи ҳар шаҳрванд аст.

Сокинони деҳа ҳамарӯза дастаҷамъона барои ободию созандагӣ, пешравӣ, дар баробари  эълон гардидани «Сесолаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва соли «Баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» эълон шудани соли 2019 ободу зебо гардонидани кишвари худ саҳм мегузоранд.

Дар охир дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  як қисми  роҳҳои деҳа сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg