БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҒАМХОРИРО ДАР ҲАҚҚИ ОНҲОЕ, КИ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ХИЗМАТИ ШОИСТА МЕКУНАНД ҲАМЕША ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо  мақсади  ташвиқи  саховатмандӣ ва  дуруст сафарбар  намудани  амалҳои   хайру  сахо, анҷом  додани  кори  нек Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  маҳаллаи  Сангоба  2-и  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  чорабинии  ҳизбӣ    атрофи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ баргузор  намуд.

Масъулини  ҳизбӣ оид  ба дарки  мардум  расонидани сафарбар  намудани   амалҳои  хайру  сахо, дасти  ёрӣ  дароз намудан ба эҳтиёҷмандон,  таъмиру  азнавсозии   муассисаҳои  таълимиро  фаҳмонида,  таъкид  карданд, ки  бо  мақсади  нишон  додани  намунаи  нек, ахлоқи  ҳамида, боиси  он  мегардад, ки  насли  наврас ҳамчун  шахсони  бомаърифат дар  ҷомеа  тарбия  ёфта,  ба  камол  мерасанд,  ки ин  боиси  сарбаландии  падару модар  мегарданд.

Сокинони  маҳалла и номбурда  дар татбиқи  амалии  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  барои ҳарчи  зудтар  ба  анҷом  расонидани таъмири  синфхонаҳо  корҳои  сохтмониро вусъат дода истодаанд.

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg