ХУРОСОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», дар ташкилоти ибтидоии «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ вобаста ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал,ҷалби сокинони бекор ба касбу ҳунарҳо ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ суханронӣ намуданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ду майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин иқдоми неки ҲХДТ сокинон миннадории хешро баён карданд.