ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ҶДММ «Зебо-75» -и ноҳияи Шаҳритуз оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимин суҳбат масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва моҳияи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дасти ёрӣдароз кардан шахсони ниёзманди ҷомеа ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан раҳнамоӣ карданд.
Дар охир аз ҷониби ҷамъомадагон суханрониҳои судманд дастгирӣ ёфта, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 5 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритуз сару либоси тобистона дӯхта тақдим карда шуд.