А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшда ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», дар ташкилоти ибтидоии «Тутзор»-и деҳаи Тути ҷамоати деҳоти ба номи Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар доираи амалишавии корҳои ободонӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, ки солиёни дароз фарсуда гашта буду дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва хонандагони муассисаи мазкур аз ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд, сохтмони 4 адад синфхонаи иловагиро оғоз намуда, тасмим гирифта шуд, ки то соли нави хониш ба истифода дода мешавад.