ХОВАЛИНГ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмончиён” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг гузаронида шуд, ҳамагон аз хатари афзояндаи терроризму экстремизм огоҳ карда шуданд.
Зимни баромад масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла хатари рӯз то рӯз афзояндаи терроризму экстремизм андешаронӣ карданд.
Ҷамъомадагон барои доир намудани хониши сиёсӣ ва додани маълумоти муфид, масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла истифодаи самараноки қувваи барқ, риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ, истифода аз технологияи муосир, тарбияи ахлоқии фарзандон ба хотири пешгирии онҳо аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як шахс ба кор меравад, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар асоси талаботи Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем”” қисмати бинои мактаб-интернат рангубор карда шуд.