БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН АЗ ХОНА ВА МАКОНИ ЗИСТИ МАН ОҒОЗ МЕЁБАД!

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №2”-и ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  гузаронида шуд.

Дар рафти  мулоқот  нахуст  суҳбат  атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, инчунин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сурат гирифт. Сипас, оид ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баргардонидани  84  нафар  ноболиғони тоҷик  аз  давлатҳои ҷангзада андешаҳо изҳор гардиданд.

Баъдан Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, баҳри ободии диёр дарвозаи даромадгоҳи муассисаи таълимии маҳаллаи номбурда, ки  таъмирталаб буд, аз нав  барқарор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg