МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи зич бо ҷомеа бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилоти ибтидоии “Фурӯзоба”-и ҷамоати деҳоти Боғгаӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид .
Дар чорабинӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҷиҳати бо амалҳои неку созанда ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ, хусусан 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, ҳозиринро баҳри амалӣ намудани амалҳои нек ҳидоят карданд.
Инчунин, ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, риояи бечунучарои Қонунҳои миллӣ суханронӣ намуда, қайд гардид, ки ҷиҳати амалӣ гардидани мақсадҳои нек ҳар як сокини баору номуси мамлакат бояд саҳми ватандӯстонаи худро дареғ надорад.
Ваҳдату ҳамбастагӣ ва Истиқлолияти давлатӣ имкон медиҳад, ки мо сарҷамъу иттифоқ бошем, шукрона аз давлату миллат ва Сарвари ғамхори худ намоем.