КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба истиқболи ҷашни пурифтихори давлату миллат 22-солагии Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хурсандӣ”-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, муқовимат бо коррупсия ва арҷ гузоштан ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуданд.
Дар суҳбат қайд гардид, ки кулли комёбиҳои назаррас ба туфайли сулҳу ваҳдат ба даст омада, ин неъмати бебаҳо бояд ҳифзу гиромӣ дошта шавад.
Баъдан аз ҷониби иштирокдорон суханрониҳои судманд якдилона ва бо хушнудӣ пазируфта шуданд.