ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Гулшан 1"-и Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҳмонов Далер оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки таблиғот рисолати аслии фаъолияти ҳизби сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи самтҳои муайяншуда, вазифаи мо ҳизбиён ин аст, ки ҷомеаро барои анҷом додани амали созандае, ки боиси пешрафти соҳаҳо ва рушди давлат мегардад, роҳнамоӣ намоем.
Дар охир вохӯрии судманд аз ҷониби ҳамагон якдилона дастгирӣ ёфта, байни кормандони ҳизбӣ ва сокинон суолу ҷавобҳо сурат гирифт.