ЁВОН. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл дар ташкилоти ибтидоии “Шараф”-и деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Нахуст мардуми деҳа дастаҷамъона ба ҳашар баромада, гирду атрофи маҳалларо тозаву озода намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба истиқболи сазовори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри сулҳу салоҳ, Истиқлолияти давлатӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ободу зебо намудани маҳали худ, тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби дурусти либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба таърих ва фарҳанги аҷдодӣ ва ғайра андешаронӣ намуданд.
Дар охир вохӯрии судманд ба ҳамагон писанд омада, онҳо дархост карданд, ки чунин суҳбату ҷамъомади муфид бештар баргузор карда шаванд.