БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Бойтории шаҳр” вохӯрии ҳизбӣ доир карда шуд.
Зимни суханронии худ Асадуллозода Ватан корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ҷамъбастии КИМ ҲХДТ, ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ибрози ақида кард.
Инчунин, мавсуф дар идома афзуд, ки Пешвои миллат зимни баромадашон таъкид доштанд, ки ҳизби мо халқӣ буда, пеш аз ҳама бо такя ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон барои боз ҳам рушду пешрафта шудани Ватани маҳбубамон -Тоҷикистони азиз дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми арзанда доранд.
Баъдан аз ҷониби ҷамъомадагон суханрониҳои судманд дастгирӣ ёфта, зикр карданд, ки дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ талош меварзанд.