БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БО РУҲИЯИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ САҲМ ГУЗОШТАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир басамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  гузаронида шуд.

Дар рафти мулоқот  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шаропов  Ҳомидҷон вобаста ба  хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои ҷавонписарон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористӣ-экстремистидошта, ҳодисаҳои рӯзи 19 май дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рӯх дода, сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара суханронӣ намуд.

 Ҳамзамон баҳри ба анҷом расонидани амали нек ва татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» оромгоҳи деҳа  тоза карда шуда, чунин иқдомҳои неки ҲХДТ аз ҷониби шаҳрвандон дастгирӣ ёфта, дар оянда низ идома дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg