А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо максади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Саъдӣ»-и кӯчаи Саъдии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва анҷоми хайру сахо даъват карданд.
Сипас, дар якҷоягӣ дар асоси Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои тозакунии ҷӯйборҳо ду тарафи роҳи маҳалла аз алафҳои худрӯй ва бегона, ба тартиб даровардани дарахтон анҷом дода шуд.