БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУР ВА НАҚШАИ КОРИИ ҲАМАИ НИҲОДҲО МЕБОШАД

ФАРХОР. Дар доираиСоли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Гулшан"-и ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки Паёми Роҳбари давлат дастур ва нақшаи кории ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва сокинон муаззаф мебошанд.

Ҳамчунин, масъулини ҳизбӣ ёдовар шуданд, ки ҷиҳати рушду ободонии маҳал ва пешрафти соҳаи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ солҳои 2019-2021-ро "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намуда буданд, дар ин росто вазифаи мо ҳизбиён тарғибу ташвиқ ва татбиқи сиёсати муайяншудаи давлат мебошад. Дар ин самт мо бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд саҳми худро дар рушду ободонии маҳали зистамон гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg