ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Оличабулоқ” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” доир гардид.
Дар рафти мулоқот масъулин дар мавзӯъи коррупсия омили нангин ва хатарноки ҷомеа, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлатҳои ҷангзада, бетартибиҳои оммавӣ дар Муассисаи ислоҳии 3\2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 19.05.2019 рух дода буд ва таъкиду супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара андешаронӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як нафар шахси ниёзманди ҷомеа Латипова Гавҳар, ки нигоҳубини чор нафар бародарони маъюбашро ба уҳда дорад, маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуд.