Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТТЭ ҲНИ-ХАЗАНДАЕ, КИ ҲАР ЛАҲЗА ПӮСТАШ ИВАЗ МЕШАВАД

ВОКУНИШ.Аз муҳтавои хабарҳои чанд ҳафтаи охир огоҳ гардидем, ки аъзои гурӯҳҳои мухолифини тоҷики дар кишварҳои гуногун ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ иқоматдошта аз ин мамлакат ронда шуданд. Солҳост, ки ин гурӯҳҳо пайваста аз хориҷи мамлакат ҳар гуна иғво андохта, бо ин кӯшиш менамоянд, ки фазои сиёсии Тоҷикистонро ноором намоянд.

Аъзои ин гурӯҳи хилофкор дар оғоз ҳизберо бо номи Ҳизби Наҳзати Ислом таъсис дода, бо ин дар тақдири ояндаи давлати навбунёд таъсири нохуб гузоштанд. Интихоб гаштани ин ном ва аз эътиқоди динии мардум кор гирифтани саркардагону таъсисдиҳандагони ин ҳизб бепоя набуд. Ин нақшае буд тарҳрезишуда ва нусхаи ҳодисаҳои дар баъзе мамолики шарқ ба вуҷуд омада. Акнун дарк мекунем, ки ин ном ба умеди пуштибонӣ ва дастирии мамолики исломӣ интихоб шуда буд.  Вале солҳои мудҳиши 90-ум ба хаёли ҳеҷ тоҷику тоҷикистонӣ намеомад, ки аъзои ин ҳизб ин дини покро фақат барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба даст овардани ҳокимият истифода мебаранд .

Ин буд, ки он солҳо ин нафарони курдилу бешуур тавонистанд қисме аз мардуми моро ба доми худ кашанд ва бо ин ба аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ доман зананд. Бо он табиати шайтоние, ки доштанд, тавонистанд халқи тоҷикро ба ду қисмат ҷудо созанд ва онҳоро ба ҷони ҳам дарафкананд. Нақшаву ҳадафашон ин буда, ки мардуми мусалмони ҳанафимазҳаби Тоҷикистонро аз мазҳаби хеш дур ва асири мазҳабу равияи бегонаи дурӯғини хоҷагони хеш гардонанд. Хушбахтона ба бахти баланди мардуми тоҷик бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони содиқи ватан дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат дубора тантана кард. Ба саркардагону аъзоёни дарунсиёҳи ин ҳизб дигар чорае намонд ба ҷуз паноҳ бурдан дар мамлакатҳои бегона.

Онҳое, ки ин ҳизбро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон таъсис дода буданд, то як соли пеш ба самарабахшии барномаҳои дарнақшадоштаашон боварӣ доштанд. Вале дар охир тан доданд, ки дигар он найрангу дурӯғи онҳо ба мардуми тоҷику давлатҳои исломӣ таъсире надорад ва беобрӯёна тасмиме гирифтанд ба тағйир додани номи худ, ки комилан ихтилофи «эътиқоду фаҳмиш»-и худи онҳост. Имрӯз онҳое, ки то наздикӣ ришҳои дароз доштанду ҷомаву ҷелак мепӯшиданд, акнун кастюмпӯшу риштарошида мегарданд. То ҳатто шеваи суханронии онҳо дигар шудааст. Онҳое, ки то дирӯз дар Эрону Туркия мезистанд, даст аз гиребон раҳо накарда, аз рӯ ба пастӣ рафтани ахлоқ дар Тоҷикистон ва коста шудани эътиқоди динии мардуми тоҷик ҷор мезаданд, акнун бо ҳамон чеҳраҳои ҳайратзада аз мамлакатҳои Аврупо, вале бо вожаву шиорҳои муқобили суханҳои пешина «демократия», «озодӣ» ва ба ин монанд ҳарф мезананд. Имрӯз онҳо даъвои онро доранд, ки дар Тоҷикистон озодӣ ва демократия нест. Акнун аз як ТТЭ ҲНИ чандин гурӯҳу гурӯҳчаҳо ба вуҷуд омадааст, ки аъзоёни онҳо худро ҳамчун «коршиноси мустақил», «дигарандеш», «гурӯҳи озодихоҳ» ном мебаранду бо дарки он, ки ҷомеаи Аврупо ба арзишҳои демократӣ-озодӣ, истиқлол, дигарандешиву инсонсолорӣ арҷ мегузоранд, аз ин вожаҳо истифода бурда, барои худ обруву нуфуз ва минбари сухан омода кардаанд. Онҳо ҳар ҳодисаву воқеаи дар Тоҷикистон бавуқуъпайвастаро ба риштаи танқид мекашанду суханҳои пур аз тамасхуру танқиди худро дареғ намедоранд. Аммо мардуми шарафманди тоҷик кайҳо дарк намудаанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон», «Гурӯҳи 24», «Тоҷикистони озод» ва дигару дигар созмону гурӯҳчаҳо пасмондаи ҳамон наҳзати касифанд.

Агар рӯзе шаваду найрангу иғвогариҳои онҳо барои давлатҳои Аврупо низ ошкор шавад чӣ пӯстеро ба рӯйи худ мекашанд? Чӣ либос мепӯшанду кадом равияро пайравӣ мекунанд? Дигар аз чӣ сухан мегӯянд? Ҷойи ҳайратӣ шудан нест, зеро ин вопасгароёни динии гузашта ва зиёинамоёни хурофотии имрӯза омода ба ҳар кореву ҳар чизеанд. Чун нангу номус ва ғурурӣ миллӣ надоранд, пеши ҳар нафаре чокариву фармонбарӣ мекунанд. Онҳо ғуломи нафси худанд ва ғулом боқӣ мемонанд.   

Ватанзода Саидҷаъфар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg