ВОКУНИШ. Дар солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ва дину мазҳабҳои гуногун амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи онҳо вазъи сайёраро ноором карда ҳаёти мардуми осиштаро зери хатар гузошта истодаанд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад. Терроризм-экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои бузург буда, оқибат ба вайронкорӣ меорад.
Терроризм ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардидааст. Аз ин хотир, ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср оқибати фоҷиабор дошта , хатари ҷиддӣ дорад.
Ҳақ ба ҷониби Сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини Ислом дар баробари дин ва эътиқоди дини дигар, дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳи миллатҳо ва амнияти кишвар ташаккул ёфтааст. Бесабаб нест, ки ин муаммои ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор, хулоса, миёни тамоми мардуми солимфикр қарор гирифтааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан, терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта хусусияти ҷаҳони касб намудааст ва баро ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав эҷод менамояд.
Мавриди зикр аст, ки терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ ба дини мубини Ислом ягон эртиботе надорад. Қобили таъкид аст, ки терроризму экстремизм ягон дину мазҳаби мушаххас надорад, пайдоиши этникӣ, миллат, нажод ва ҷойгиршавии доимӣ надорад. Ҷавононеро ба доми худ мекашанд, ки аз арзишҳои Исломӣ хабар надоранд. Ин дини муқаддасро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд.
Бадбахтона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои террористии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намудану бархе аз онҳо қурбонии чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Қисмате дар ҷаҳон бошад аз рӯи бемаърифатии мо бедорӣ ба сӯи модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест. Аз ин ру аз ҷавонон даъват ба амал меорем , ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва худро қурбони ин гуна ҳаракатҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз Ватан маҳрум месозад.
Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем ва ҳаракатҳои террористию ифротгароиро маҳкум намуда, ҷойи ободкорию созандагии Тоҷикистони азизамон камар баста, ҳиссагузор дар сиёсати пешгирифтаи Ватану давлат бошем.
Курбонов Абдуғаффор-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун