Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА ВА СИПАРИ БОЭЪТИМОД БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МЕБОШАНД!

АНДЕША. Воқеан ҳам, масоили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, нақши ҷавонон дар пешрафти  ҷомеаи  навини  тоҷикон, ки феълан  мавзўъи  мубрами  рўз   маҳсуб ёфта, ба таври ҳамешагӣ  матраҳ  сохтани он, аз аҳамият холӣ нест.

Мо хуб медонем, ки ҷавонон нерўи солиму созандаи ҷомеа мебошанд ва рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аз ҳар ҷиҳат аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ҳамаи ин таҳаввулот ва ё тағйироту дигаргуниҳое, ки бахусус, дар садсолаи навин, асри рушди илму технологияи муосир ба вуқўъ мепайвандад, бештар ба ҷавонон мансубият дошта, нерўи ин табақаи ҷомеа бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад.

Читавре,  ки  дар  Паёми  навбатии  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омадааст  ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

“Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Бинобар  ҳамин  яке аз вазифаҳои асосии мо  ҷавонон  дар марҳилаи имрўза, машғул  шудан  ба  корҳои созандагию бунёдкорӣ ва   дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ фаъолона  ширкат  варзидан  мебошад. 

Ба ақидаи мо баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон дар замони муосир хеле зарур мебошад. Маълум аст, ки дар ҷомеа ақидаву равияҳои мухталифи ғайриқонунӣ роҳ ёфта, бахше аз ҷавононро зери таъсири  худ  гирифтаанд. Онҳо мехоҳанд, ки ба ҳар роҳу васила ин нерўи созандаро ба манфиати худашон истифода бурда, ҷавонони кишварро ба корҳои номатлуб ва носолим таҳрик диҳанд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми  навбатии  худ  ба  Парлумони кишвар  қайд  кардаанд - «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротии  динӣ  дар кишварҳои  мусулмоннишин ва зиёд шудани теъдоди аъзои гурўҳҳои  террористиро дидаву мушоҳида карда, ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба ин рўзгори ободу осоишта, ба ин давлати соҳибистиқлолу сарвари оқил бояд шукргузорӣ намояд, зеро ин рўзгори осоиштаи халқи тоҷик  худ аз худ, бо осонӣ ба даст наомадааст.

 Биёед, ҳамагон як ба ҳаёти халқамон дар солҳои навадум назар андозем. Он солҳо, дар натиҷаи ҷанг ва тороҷу яғмогарӣ, ҷумҳурӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молиявӣ хароб шуда, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, пеш аз ҳама, бо нон, комилан душвор шуда, чанд муддат имкони пардохтани маош ҳам набуд. Оқибати муборизаҳои бемаъно марги  бисёре аз ҳамватанон, гуреза шудани  мардум  ва азобу машаққати  моддиву  маънавии  чандинсола шуда буд.

 Ана дар ҳамин вазъияти ниҳоят вазнин шахсе пайдо шуд,  бо номи Эмомалӣ Раҳмон-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дар ҳақиқат ба халқи тоҷику ба Тоҷикистон сулҳ оварда тавонист. Ин шахси бузург масъулияти  роҳбариро ба дўши худ гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо кунонид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт ба иродаи  халқ такя карда, ҷавонмардона ба пеш ҳаракат мекунад ва дигаронро низ ҳидоят менамояд.  Кўшишу ҷонбозиҳои  ҳамин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки миллати бофарҳангу мутамаддини мо, ки парешону сарсон буд, сарҷамъу пеши роҳи ҷанги бародаркуш   гирифта шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди  бузурги  истиқлол аст, ки бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумидавлативу умумимиллиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва  гурўҳӣ афзалтар шуморем.

 

Аҳёев Муҳамадӣ-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg