БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист» оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза бо амалҳои коррупсионӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон вобаста ба масъалаи ҳифзи муҳити зист мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд карда шуд, ки баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа яке аз ҳадафҳои ҲХДТ буда, ҳар як узви ҳизб бояд дар ин масъалаҳо пешсафу ташаббускор бошад.
Дар охир аз ҷониби ҷамъомадагон суханрониҳои пурмуҳтаво дастгирӣ ёфт.