БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ!

ВАХШ.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ҷиҳати дар сатҳи баланди  сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи давлатӣ  ва тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон»-и Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш вохӯрии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Маҳмадов Одилҷон иштирок  дошта, дар бораи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ,   тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумї дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, анҷом додани корҳои хайру сахо ба хотири  паст кардани сатҳи камбизоатӣ,  саҳм гузоштан дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободонӣ раҳнамоӣ намуд.

Баъдан  дар доираи  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷӯйи обгузари  деҳа   аз нав таъмир карда шуда,  барои бартараф намудани обхезиҳо  дар фасли баҳор соҳилмустаҳкамкунӣ  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg