БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "деҳаи Сафедсанг"-и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон-меъмори сулҳу Ваҳдати миллӣ, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, пешрафти марҳила ба марҳилаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, амалишавии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ҳамин замина ба кор омадани ташаббусҳои созанда ва вусъат пайдо намудани корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар ноҳияи Данғара, дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар амалҳои созандаву бунёдкорона суханронӣ намуд.

Мавсуф дар идома зикр кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурбинонаи Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили гарм ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон нигариста, тамоми нерӯи созандаи худро баҳри амалишавии ҳадафҳои давлату Ҳукумат гузошта истодаанд, ки боиси таҳсину офарин аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg