БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ МО БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ ҶОМЕА МЕБОШАД

ҚУБОДИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон. Ҷиҳати  ба омма расонидани  моҳияти ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир гашта истодааст.

Бо ин мақсад дар  ташкилоти ибтидоии “Саҳбо” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷамъомад  доир гардид.

Дар маҷлиси ҳизбӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев  доир ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи солимии ҷомеа,  самтҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, Гепотити С,  муқовимат бо коррупсия, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуд.

Инчунин, дар идома  Паёми солонаи Пешвои миллат  мавриди баррасӣ қарор  дода шуда, зикр гардид, ки муҳтавои аз он иборат аст, ки мебояд ҳар сокини кишвар  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он кореро новобаста аз вазъи иҷтимоии худ анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалї намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем. Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg