МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Боғгаӣ»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъулин атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва моҳияти Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят карда шуданд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.