ПАНҶ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Терроризми динӣ ва ифрогароии хурофотӣ яке аз мавзӯҳои мумбрами рӯз гардидааст. Чорабинии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳти ин мавзӯъ дар ташкилоти ибтидоии “Куйтемиз” баргузор гардид.
Яке аз роҳҳои чалб намудани чавонон ба гурӯҳҳои террористӣ истифода аз дин ва хурофоти динӣ мебошад. Имрӯз вақти он расидааст, ки волидон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ нисбат ба сарнавишти фарзандони худ бодиққаттар бошанд, барои онҳо шароити хуби иҷтимоӣ ва таҳсилро фарохам овараданд. Ба бекор гаштани фарзандон роҳ надиҳанд, онҳоро бо меҳнати фоиданокӣ ҷамъиятӣ ҷалб созанд ва дастаҷаъмона дар пешгирӣ ва бартараф намудани ин доғ саҳмгузор бошанд.