ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Булбулон”-и ноҳияи Темурмалик дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” вохӯрии навбатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби масъулини ҳизбӣ мавзӯъи “Коррупсия омили нангин ва хатарноки ҷомеа”, бо ташаббуси Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлатҳои ҷангзада, бетартибиҳои оммавӣ дар муассисаи ислоҳии 3\2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 19,05,2019 рух дода буд, баррасӣ карда шуд.
Дар фарҷом вобаста ба Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи деҳа, ки бар асари боридани боронҳои сел вайрону валангор шуда буд, тахту ҳамвор карда шуд.