БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАВАҶҶУҲИИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ФАРЗАНД КӮДАКОНРО БА РОҲИ БАД МЕБАРАД

ХОВАЛИНГ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Обшорон”-и ноҳияи Ховалинг вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Зимни  суҳбат таваҷҷуҳи иштирокдорон бештар ба тарбияи насли наврас дар оила, ҳамкории оила бо мактаб ҷалб карда шуд. Зеро бетаваҷҷуҳии волидайн дар таълиму тарбия  фарзандро ба роҳи бад мебарад. Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, саркашӣ аз хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ва дигар камбудию норасоиҳои бо ҳамин монандро  маҳз аз беназоратии падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд сар мезанад, дода шуд.    

Инчунин, дар ин раванд чанде аз ҷамъомадагон  баромад намуда, дар баробари миннатдорӣ баён кардан барои ташкили хониши сиёсӣ  дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, донишандӯзии хонандагон таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал макунем!”  роҳандозӣ карда шуда,  корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg