ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Вахш»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳдат Саидзода Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронӣ бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон бармеояд, андешаронӣ намуд.
Дар хотима новобаста аз оне, ки корҳои ободонӣ дар ҳудуди деҳа дида мешуд, бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони як адад бунгоҳи тиббӣ оғоз ёфта, дар рӯзҳои наздик ба сокинон хизмати тиббӣ хоҳад расонд.