Н.ХУСРАВ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Мӯъминобод»-и ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав баргузор карда шуд.
Масъулини ҳизбӣ аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои қонунҳои миллии кишвар, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз хам фаъолтар бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода намуда, ба роҳи дурустӣ зиндагӣ ҳидоят намоянд. Сарфаю сариштакорӣ, ки яке аз хислати беҳтарини миллати мо мебошад, риоя кунанд. Худнамоию зиёдаравиро аз байн бурда, расму оин, анъанаю суннат ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд. Ба ободонию созандагӣ диққат дода некӯаҳволии мардум дар деҳа баланд бардошта шавад.
Дар охир ба саволу дархостҳои сокинон ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи даромади кӯча сангфарш карда шуд.