А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028” дар доираи Аксияи ҳизбии «Якчоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Кӯҳдоман»-и деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти 50-солагии Точикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрӣ доир гардид, ки дар он дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Баъдан дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳамкорӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия корҳои ободонӣ аз қабили барқаррорсозӣ ва хобонидани новаҳои бетонӣ (латокхо) бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тоза роҳандозӣ карда шуд.