Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагию ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Шаҳри нав”-и ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Содиқова Меҳрубон- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи дурӯст ва саривақтии иқдомоту ташаббусҳои созандаи роҳбарияти мамлакат ба амалҳои созандаву бунёдкорона суҳбат намуд.
Сулаймонова Лола-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар мавриди омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон ба ҷавонон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кӯмак ба дармондагон, ва анҷоми корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар аз ҳамагон даъват ба амал овард.